нобовар — [ناباور] боварнакунанда, итминоннадошта, эътимоднадошта; шубҳакунанда (ба дурустии коре, сухане, фикре) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бадгумон — [بدگمان] гумони бад баранда, хаёли бад кунанда, шубҳакунанда, нобовар нисбат ба касе; бадгумон будан андешаи нодуруст доштан дар ҳаққи касе, дар бораи касе шубҳа доштан; бадгумон шудан аз касе хаёли бад кардан дар ҳаққи касе, аз касе гумони бад… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бадгумонӣ — [بدگماني] гумони бад бурдан, нобоварӣ, шубҳа кардан; аз бадгумонӣ баровардан шубҳаро бартараф кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беэътиқод — [بي اعتقاد] 1. он ки ба чизе эътиқод надорад; нобовар, боварнакунанда 2. бедин, бемазҳаб … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беэътимодӣ — [بي اعتمادي] қобили эътимод набудан, номӯътамадӣ; нобоварӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
васвосӣ — [وسواسي] а. марбут ба васвос; мубтало ба васвос, дудила; гирифтори бемории васвос (ваҳмакӣ, бадгумонӣ ва нобоварӣ), хаёлотӣ: васвосӣ шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
нобоварона — [ناباورانه] бо нобоварӣ; ба назари шубҳа; нобоварона нигоҳ кардан бо шубҳа нигаристан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
шаккокӣ — [شکّاکي] шак кардан, шак овардан, шак доштан; шаккокӣ кардан дар ақидае шак овардан, нобоварӣ баён кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
э — I ҳарфи сиву сеюми алифбои ҳозираи тоҷикӣ; дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ дар аввали калима бо ҳарфҳои алиф ا ва йо ي ишора мешавад II [اي] нидо, ки норизоӣ, ҳайрат, афсӯс, надомат, нобоварӣ ва ғ. ро ифода мекунад: э, монед, э, не, э, пурсида чӣ… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ